Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Арабӣ 21, Ҳасан Шайх Маҳмуд президенти Сумолӣ дар суханронии телевизионии худ таъкид кард, ки Амораот дар умури дохилии ин кишвар дахолат карда ва барои аз байн бурдани иттиҳоди дохилӣ ва ҳокимияти миллии он талош мекунад.
Ӯ афзуд, ки Амораот дар Сумолӣ, Яман, Либия ва Судан ҷангмеафрӯзад.
Шайх Маҳмуд баён кард: Амораот аз бандари Барбара дар Сумолиланд ҳамчун гузаргоҳи сиррӣ барои фирор додани Айдурус аз-Зубайдӣ раиси Шӯрои интиқолии Ямани Ҷанубӣ бидуни огоҳии ҳукумати Сумолӣ истифода кард.
Ӯ гуфт: Амораот ба воситаи ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ ва шбҳнизомиён ба ҷангҳои ниёбӣ дар Яман ё Сумолӣ ворид мешавад. Амораот ҳаққи имзои созишнома бо ҳукуматҳои маҳаллӣ дар бораи бандарҳои Сумолиро надорад.
Шайх Маҳмуд афзуд: Амораот нақши мустақимро дар бораи ба расмият шинохтани ҷудоихоҳони Сумолиланд аз ҷониби Исроил иҷро кард.
Ӯ ба лағви тамоми созишномаҳои амниятӣ, дифоъӣ ва иқтисодӣ бо Амораот ва баста шудани фазои ҳавоии Сумолӣ ба рӯи ҳавопаймоҳои ин кишвар аз январи 2026 то ҳол ишора кард.
Your Comment